НАХУСТИН ШАБИ ЭҶОДИИ ТОҲИРҶОН ҶӮРАЕВ

Февраль 16, 2009 15:24

                 Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ибтикори Вазорати фарангӣ кишвар 15 феврали соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев шаби эҷодии овозхони ҷавону умедбахш Тоҳирҷон Ҷӯраев баргузор гардид.                 Ин нахустин шаби эҷодии Т. Ҷӯраев буд, ки дар он олимону адибон ва устодони санъату аҳли ҳунар иштирок ва роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ҳунари ин санъаткори ҷавон суханронӣ карданд. Аз ҷумла, нависандаи маъруфи кишвар Урун Кӯҳзод гуфт, ки аз нахустин шаби эҷодии Тоҳирҷон бармеояд, ки дар сурудаҳои ӯ шеъру ғазалҳои баландмазмун аз эҷодиёти шоирони классик ва муосир истифода шудааст, ки аз мавқеи арзандаи ӯ дар ин самт дарак медиҳанд.                 Ҳунарманди халқии ИҶСШ Ҷӯрабек Муродов ба ҳунари овозхони ҷавон баҳои мусбат дода, изҳор кард, ки Тоҳирҷон Ҷӯраевро аз даврони донишҷӯияш мешиносадщ, ки нисбат ба санъат шавқи беандоза дошта, яке аз шогирдони боистеъдоди мактаби ӯст.                Гуфтанист, ки Тоҳирҷон Ҷӯраев шогирди ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев аст ва эҷодиёти ӯ бо ин овозхони маъруфи ҷумҳурӣ хеле вобастагӣ дорад. Афзалшоҳ Шодиев доир ба малакаю маҳорати шогирдаш гуфт, ки бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар эҷодиёти ин овозхони ҷавон камбудиҳо низ мавҷуданд, ки иллаташ ҷавон будани ӯст. Вале, гуфт ӯ дар байни шогирдон Тоҳирҷон бо овоз ва сатҳи касбиаш мақоми хос дорад.

Февраль 16, 2009 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад