НАМОИШ ВА ФУРӮШИ НИҲОЛУ ГУЛҲО ДАР ДУШАНБЕ

Февраль 28, 2009 11:36

                     Душанбе, 28 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Субҳи имрӯз боғи «Дӯстии халқҳо» — и ноҳияи Фирдавсӣ хеле серодам буд. Дар ин ҷо бо ташаббуси вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҷумҳурӣ намоиш ва фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ, буттаю гулҳо, тухми зироатҳои гуногун, сабзавот, зироатҳои полезӣ ва ғайра ташкил карда шуд. Одамон баробари дамидани субҳ барои харидани ниҳолу гул ё тамошои консерт ба ин ҷо мешитофтанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки талабагони мактаб — интернати № 1, донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ, гурӯҳи ҳунарии «Гулдаста» ва ҳунарпешагони маъруфи филармонияи давлатӣ ба ҷамъомадагон консерти калон намоиш доданд.                    Сардори раёсати парвариши набототи вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов зикр намуд, ки чунин намоишгоҳҳои ниҳолу гул аз рӯи анъана ҳар сол дар арафаи фаро расидани фасли баҳор ва оғози мавсими кишту кор дар тамоми шаҳру вилоятҳои мамлакат гузаронида мешаванд. Дар ин ярмаркаҳо ба аҳолӣ ниҳоли дарахтон, кӯчати помидору бодиринг ва зироатҳои полезӣ фурӯхта мешаванд, ки дар гармхонаҳо парвариш карда шудаанд.Дар ярмаркаи имрӯза хоҷагиҳои деҳқонӣ ва давлатии ноҳияҳои тобеи марказ ва водии Рашт ширкат варзиданд. Чунин ярмаркаҳо чанде пеш дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Кӯлоб низ баргузор гардиданд.                    С.Баҳриддинов афзуд, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат на танҳо намоишу фурӯши ниҳолу гул ташкил карда шуд, балки аҳолии шаҳр аз вазъи мусоиди ҳаво истифода бурда, ба шанбегӣ баромад. Сокинони маҳалҳои гуногуни пойтахт, хусусан ҷавонон, талабагон ва донишҷӯён кӯчаҳо, гулгаштҳо ва хиёбонҳоро аз ахлоти дар давоми зимистон ҷамъшуда тоза карда, ба тартиб меоранд. Имрӯз, инчунин, дар боғи «Дӯстии халқҳо» маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки ба сарзамини мо фасли баҳор қадам гузоштааст, гуфт дар хотима С.Баҳриддинов.                                                                                                                                     Тарҷумон — Қудратов А   

Февраль 28, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст