НАШРИЯИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН ЧОП МЕШАВАД

Февраль 14, 2009 14:49

               Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Иттифоқи журналистони Тоҷикистон моҳи май ба чопи нашрияи худ шурӯъ хоҳад кард. Моҳномаи Иттифоқи журналистон аз 3 то 4 ҳазор нусха чоп карда мешавад. Дар он рӯйдодҳо ва проблемаҳои соҳаи журналистикаи мамлакат инъикос карда хоҳанд шуд.               Моҳнома ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи журналистон, таърихи соҳаи журналистикаи тоҷик, проблемаҳои соҳа ва ба ҷавонон омӯхтани таҷрибаи журналистони варзида диқкати калон медиҳад. Айни ҳол дар Иттифоқи журналистон номи нашрияро муқаррар намуда, масъалаҳои марбут ба мавзӯъҳо ва ороиши он ҳал карда мешаванд.                Тибқи нақша, барои номи беҳтарини моҳнома озмун эълон карда мешавад. Моҳномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба забонҳои русию тоҷикӣ чоп шуда, бо роҳи обуна ва фурӯш дар дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ паҳн карда хоҳад шуд.

Февраль 14, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!