ОҒОЗИ КИШТИ БАРВАҚТИИ ҒАЛЛАДОНА
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо истифода аз мусоидии обу ҳавои охирхои моҳи январ ва чанд рӯзи моҳи феврал ба кишти барвақтии баҳорӣ оғоз намуданд. Тибқи нақша, имсол дар майдони 134 ҳазору 170 гектар кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида мешавад. То 2-юми феврали соли 2009 дар масоҳати 6 ҳазору 973 гектар кишти барвақтии баҳорӣ гузаронида шудааст, ки он баробари 5,2 фоизи нақша мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1367 гектар зиёд аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






