ОЗМУНИ ДРАМАНАВИСОН
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо фармони вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ Озмуни ҷумҳуриявии драмманависон бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» гузаронида мешавад. Аз маркази матбуоти вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мақсади озмун дарёфти асарҳои беҳтарини драмавӣ мебошад. Аз рӯи шартҳои озмун асарҳои пешниҳодшуда бояд дар мавзӯъҳое таълиф карда шаванд, ки дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони истиқлолият ифода карда тавонанд. Асарҳои бо забони ӯзбекӣ ва русӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта бошанд. Асарҳо ба озмун то 1 маи соли 2010 қабул карда мешаванд. Асарҳои беҳтаринро Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг бо роҳи раъйдиҳии пинҳонӣ муайян мекунад. Ин асарҳо дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва дар ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта мешаванд. Барои ғолибони озмун мукофотҳои зерин муқаррар карда шудаанд: ҷои аввал- 2000 доллари ИМА ҷои дуюм -1500 доллари ИМА ҷои сеюм — 1000 доллари ИМА Ба ғолибон инчунин дипломҳои Вазорати фарҳанг ва ба иштирокчиён се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ бо маблағи 500 доллари ИМА супорида мешаванд. Озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2010 ҷамъбаст карда мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






