ОЗУҚАДИҲӢ ДАР БАЪЗЕ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД КАШОЛ МЕЁБАД
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар вилояти Суғд аз майдони 62 ҳазору 251 гектар замини ғалладона танҳо масоҳати 5 ҳазору 449 гектари он бо озуқа таъмин шудааст. Айни замон ба ҳар гектар 70 килограммӣ озуқа дода шудааст. Аз ҷумла ба ҳар гектар замини ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ, Зафаробод, Масчоҳ, Спитамен, Ҷ.Расулов, Панҷакент, Истаравшан, Б. Ғафуров, Шаҳристон аз 50 то 100 килограмм, вале дар ноҳияҳои Айнӣ, Исфара, Конибодом ва Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, озуқадиҳӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст.