ПЕШГӮИҲОИ ПАЙҒАМБАРОНАИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Февраль 2, 2009 12:16

                  Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар яке аз конфронсҳои байналмилалӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд иброз доштанд, ки дар оянда нархи об аз нафту тилло зиёдтар хоҳад шуд. Аз ин гуфтаҳо вақти зиёде нагузашта бошад ҳам, олам ба ин мушкилот рӯ ба рӯ гардид.                   Имрӯз чоряки аҳолии давлатҳои Африқо ва Осиё, аз он ҷумла давлатҳои Осиёи Миёна ҳам танқисии обро ҳис мекунанд.                  Соли 2008 дар вилояти Суғд 5 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ монд. Дар вилоят ҳосилнокии заминҳо бо сабаби нарасидани об 13,9 сентнерӣ кам шуд. Танҳо дар ноҳияи Конибодом 107 чоҳҳои амудии обкашӣ мавҷуд аст, ки то имрӯз ҳамагӣ 14-тои он таъмир карда шудааст.                  Агар вазъият чунин давом кунад, дар вилояти Суғд вазъи боғдорию сабзавоткорӣ, пахтакорию ғаллакорӣ чун соли 2008 боқӣ монда, боз аз сабаби норасоии об ҳазорҳо гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун хоҳад монд, ки маблағи он ба даҳҳо миллион сомонӣ баробар хоҳад шуд.                  Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар бораи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо об то имрӯз гузоришеро тавассути расонаҳои хабарӣ пахш накардааст.

Февраль 2, 2009 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд