ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАМЛАКАТҲОИ АВРУПО САФАР КАРД
Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 8 феврал барои боздиди давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Белгия, Латвия, Литва ва Эстония рафт, Аз дафтари матбуоти сардори давлат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз боздиди давлатӣ ба Латвия оғоз меёбад. Президенти Тоҷикистон сипас барои бозиди расмӣ ба Белгия ва Литва меравад. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакатҳои Аврупо бо боздиди корӣ аз Эстония ба охир мерасад. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар бо сарони давлатҳои зикршуда, роҳбарони масъули Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ мулоқот хоҳад кард. Президентро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии Президент дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Эркин Раҳматуллоев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат Фаррух Ҳамралиев, муовини аввали вазири энергетика ва саноат Пӯлод Муҳиддинов ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






