РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Февраль 10, 2009 16:56

                       Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Рӯзҳои наздик Бунёди СММ оид ба илму фарҳанг ва маориф (ЮНЕСКО) интишори Атласи забонҳоеро, ки дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доранд, ба нақша гирифтааст.                      Мутобиқи иттилои Маркази иттилоотии СММ, интишори он ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21-уми феврал ҷашн гирифта мешавад, пешбинӣ шудааст.                      Бино ба иттилои манбаъ имрӯз дар саросари ҷаҳон мардуми сайёра ба беш аз 6 ҳазор забон ҳарф мезананд ва танҳо қисмате аз онҳо соҳиби хат ҳастанд. Қариб нисфи забонҳои мавҷудаи ҷаҳон дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доранд.                      Гуфтанист, ки дар Тоҷикистон низ ба забони яғнобиву гурӯҳи забонҳои помирӣ маҳвшавӣ таҳдид мекунад, зеро онҳо дар низоми маорифи кишвар мавриди истифода қарор надошта, инчунин бо ин забон ҳеҷ намуди васоити ахбори омма вуҷуд надорад.

Февраль 10, 2009 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид