РАИСИ НАВИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПӢ ИНТИХОБ ШУД

Февраль 16, 2009 17:00

                  Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрави Назаров). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар ин вазифа то соли 2012 кор мекунад.                  Аз Кумитаи миллии олимпӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯз инчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ интихоб шуд. Ба он 11 нафар, аз ҷумла, Муншии умумии Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев, ноибони раиси Кумита Маликшоҳ Неъматов ва Ширинҷон Мамадсафоев, мудири иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ Мирсаид Яҳёев, инчунин роҳбарони федератсияҳои дзюдо, гӯштингирӣ, футбол, камонварӣ, варзиши сабук ва таеквондо шомил гардиданд.                                                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А. 

Февраль 16, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад