СӮҲБАТИ Э. РАҲМОН БО КАДРҲОИ НАВТАЪИНШУДАИ МИЛИСА

Февраль 25, 2009 11:59

                Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми милисаро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарии шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуда, дар наздашон оид ба таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва кочоқи маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузошт.                Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҳамчунин дастур дод, ки талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумат ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро, ки аз паёмҳои ҳарсолаи ӯ ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои дигар бармеоянд, дастури амали худ намуда, пайваста баҳри баланд бардоштани донишу маҳорати касбии худ ва тарбияи кадрҳои ҷавон кӯшиш ба харҷ диҳанд.                 Таъкид гардид, ки ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди халқу Ватан бояд ҳамеша раҳбару раҳнамои онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон бошад.                Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Февраль 25, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид