СӮҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲОМИД КАРЗАЙ

Февраль 17, 2009 12:09

                  Субҳи имрӯз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.                  Ҳангоми сӯҳбат сарварони ду кишвари дӯст ба вазъи ҳозира ва дурнамои равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.                  Ҷараёни иҷрои барномаҳои ҳамкориҳои бунёдӣ, аз ҷумла сохтмони пулҳо ва роҳҳо байни ду кишвар ва дигар объектҳои инфраструктурӣ аз мавзӯъҳои умдаи сӯҳбат буд.                  Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима намуда, мавзӯъ ва мундариҷаи Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодиро (ЭКО), ки моҳи оянда дар Теҳрон баргузор хоҳад гашт, муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.

Февраль 17, 2009 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад