СӮХТОРИ ҶАНГАЛЗОР ДАР АВСТРАЛИЯ
Канберра, 9 феврал. АМИТ «Ховар» — Лента.Ру). — Дар Австралия чанд ҳафта боз сӯхтори ҷангалзор давом дорад. Ҳукуматдорон барои хомӯш кардани сӯхтор аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Теъдоди зиёди сӯхторхомӯшкунандагон, қисмҳои ҳарбӣ ва ихтиёриён ба хомӯш кардани сӯхтор сафарбар карда шудаанд. Бо вуҷуди ин то ҳол хомӯш кардани сӯхтор муяссар намегардад. Аз рӯи хабарҳои расида, дар натиҷаи сӯхтор 128 нафар ҳалок ва камаш 750 хона нобуд гардид. Хабар дода мешавад, ки сӯхтор аз вилоятҳои Виктория ва Уэлси ҷанубӣ оғоз ёфта, торафт бештар паҳн мегардад. Ҳаҷми зарари он то ҳол маълум нест. Яке аз сабабҳои паҳн гардидани сӯхтор ҳавои ниҳоят гарм ва муттасил тағйир ёфтани самти вазиши шамол мебошад. Мақомоти муҳофизи қонуни Австралия чунин мешуморанд, ки сӯхтор дар натиҷаи беэҳтиётии одамон сар задааст. Сарвазири Австралия Кевин Род изҳор намуд, ки агар гуноҳи ҷинояткорон исбот шавад, онҳо бо гуноҳи қатли омм гунаҳкор карда мешаванд. Мақомоти муҳофизи қонуни мамлакат рӯзи якшанбе ду шахси шубҳанокро дастгир намуданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






