САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ЛАТВИЯ
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия субҳи рӯзи 9- уми феврал бо маросими истиқбол дар назди қасри Президенти Ҷумҳурии Латвия, ки бо номи Кохи Рига маъруф аст, оғоз ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани горди ифтихории Латвия, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ҷараён гирифт. Маросими мазкур мустақиман аз тариқи шабакаи якуми телевизиони давлатии Латвия пахш гардид.Масоили ҷорӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. Ба барқарорсозии робитаҳои анъанавии миёни Тоҷикистону Латвия, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд буд ва ташкилу густариши ҳамкориҳо дар самтҳои коркарди нахи пахта, пӯст, пашм, меваю сабзавот, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки табиӣ, азхуднамоии захираҳои обию энергетикӣ, рушди нақлиёту коммуникатсия ва туризм изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






