САФАРИ КОРИИ Э. РАҲМОН БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ АНҶОМ ЁФТ

Февраль 25, 2009 09:56

              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Федератсияи Россия қарор дошт.Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия зимни мулоқоти кории сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар қароргоҳи Завидовои Президенти Федератсияи Россия дар вилояти Твер баррасӣ шуд.              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки маблағи умумии он, сарфи назар аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, бори аввал дар зарфи 18 сол аз 1 миллиард доллари амрикоӣ гузашт. «Ин аз вуҷуди имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар гувоҳӣ медиҳад», — таъкидан изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.               Дмитрий Медведев бори дигар Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар соли равон ба Федератсияи Россия сафари давлатӣ анҷом диҳад ва дар ин робита изҳор дошт: «Фикр мекунам мулоқоти имрӯза омодагие хубе мешавад ба сафари давлатии Шумо ба Федератсияи Россия. Мо тамоми рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Россияро баррасӣ менамоем».               Сарони ду давлат аз он, ки ба наздикӣ нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 пурра ба кор дароварда мешавад, изҳори қаноатмандӣ карданд ва таҷрибаи дар он касбнамудаи мутахассисони ду кишварро дар сохтмони се нерӯгоҳи миёнаиқтидори дигар, ки дар Тоҷикистон бо саҳмгузории Россия бояд сохта шаванд, арзишманд арзёбӣ намуданд.Таъкид гардид, ки лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дорои аҳамияти бузурги умумиминтақавӣ мебошанд. Ба иҷрои қарордодҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 ба имзо расида буданд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.               Дар маркази диққат ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия қарор гирифт, пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика ва истихроҷи нафту газ ва маъданҳои кӯҳӣ.               Масоили вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ техникӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия зоҳир карда шуд.              Ҳарду ҷониб бори дигар ҳавасмандии худро ба ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ва ду мактаби олии дигари Россия дар Тоҷикистон таъкид намуда, рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва иттилоот омили муҳими таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона маънидод карданд.              Иҷрои қарорҳое, ки дар саммитҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия 4 феврали соли равон дар шаҳри Маскав қабул шуда буданд ва муҳокимаи авзои кунунии Афғонистон, рушди ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҳамгироиҳои зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи сарони ду давлат дар мавзӯъҳои байналмилалӣ буд. Шаби 24 — ум ба 25 — уми феврали соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори корӣ аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба ватан баргашт.               Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.  

Февраль 25, 2009 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд