САФАРИ РАСМИИ Э. РАҲМОН БА ШОҲИГАРИИ БЕЛГИЯ

Февраль 16, 2009 14:07

                   Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия субҳи рӯзи 10 — уми феврал бо маросими истиқбол бошукуҳ аз ҷониби Сарвазири он Херман ван Ромпей дар саҳни қасри таърихии Егмонт оғоз ёфт.                   Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.                   Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо саф кашидани Горди ифтихорӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар дар иҷрои оркестри низомии шоҳаншоҳӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гашт.                   Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей оид ба имкону захираҳои фаровони таҳким ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.                   Бахшҳои коркарди алюминий, пахта, меваҷот ва масолеҳи полезӣ, истихроҷи маъданҳо ва сангҳои қимматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон, ва рушди туризм аз самтҳои судманди ҳамкории ояндаи ду кишвар маънидод гардид.                   Ба таври мунтазам доир намудани форумҳои соҳибкорон ва тавсиаи робитаҳои судманди онҳо матлуб дониста шуд.                   Ба рох мондани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Белгия оид ба тадқиқотҳои гуногунсоҳа низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.                   Баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей чанд санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:                   Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;                   Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Белгия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;                   Протокол миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ;                   Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои марказии Шӯрои Аврупо омада, бо Дабири кулли ин созмон, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати дастҷамъии хориҷӣ ва амниятӣ Хавиер Солана вохӯрӣ намуд.                    Аз сатҳи муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои гуногун ва аз ҳадафҳои Стратегияи Иттиҳод барои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                   Рушди соҳаи гидроэнергетика, бунёди бозори минтақавии нерӯи барқ, тавсиаи инфрасохтори нақлиёту коммуникатсия ва болобарии қобилияти транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии ҳамкорӣ ва кӯмаки Иттиҳоди Аврупо номида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон, бунёди ҷойҳои корӣ барои аҳолии он, аз кишти зироатҳои нашадор боздоштани деҳқононаш ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа бояд аз ҳадафҳои асосии ҳамкории тамоми кишварҳо ва созмонҳои мададрасон бошад.                   Вусъати кӯмак ба нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонситон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.Сипас дар бинои Берлиамони шаҳри Брюсел Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо мулоқот намуд.                  Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки соли гузашта гардиши мутақобилаи мол зиёда аз 880 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ба гуфти ӯ ҳиссаи зиёди содироти Тоҷикистон маҳз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рост меояд.                  Рушди соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз афзалиятҳои асосии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо Иттиҳоди Аврупо маънидод гардид.                  Баъди анҷоми мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо нишасти матбуотӣ ороста, зимни он дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро умедбахш маънидод карданд.                  Жозе Мануел Бароззо нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва ҳамгироиро бо он муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо барои паст кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дастгирии соҳаи кишварзӣ ба Тоҷикистон 34 миллион евро ва дар маҷмӯъ беш аз 100 миллион евро ҷудо мекунад.                   Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқот ва дурнамои ҳамгироиҳо бо Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуда, иттилоъ дод, ки майи соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти «тройкаи» Иттиҳод ва вазирони кор?ои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба баррасии масоили рушди ҳамкории минтақавӣ баргузор хоҳад гашт.                   Хотиррасон мекунем, ки манзур аз мафҳуми русии «тройка» се кишвари Аврупо аст, яъне раиси гузашта, ҳозира ва ояндаи Иттиҳод. Раёсат дар Иттиҳоди Аврупо ҳар ним сол аз як давлат ба давлати дигар узви он мегузарад.Масоили ҳамгироии гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба корҳои хориҷии Парлумони Аврупо Жосек Волский баррасӣ шуд.                   Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди намояндагони Парлумони Аврупо ва ҳайати махсуси кор бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба масоили ҳалталаби Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон, ки дар роҳи рушду нумӯи минтақа монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, ҷалб намуд.Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «Аврупо бояд дар симои Осиёи Марказӣ шарики пур?удрат ва боэътимоди худро дошта бошад». «Агар ба хатару таҳдидҳои глобалие, ки минтақаи мо бо онҳо рӯ ба рӯ аст, дар марзҳои Афғонистон садди ҷиддӣ нагузорем, пас бо онҳо дар худи Аврупо мебояд мубориза бурд, ки он мабла?у захираҳои даҳчандро талаб менамояд», — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.                   Дастгирии иқтисодӣ ва техникию технологии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз бӯҳрони молиявӣ зиёни калон мебинад, амри зарурию саривақтӣ маънидод гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба саволҳои сершумори намояндагони Парлумони Аврупо оид ба фазои ҳуқуқию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, доир ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, нафъи таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳалли қазияҳои Афғонистону Фаластин ва дигар мавзуъҳои ҷолиб посухҳои мушаххас дод.Матни пурраи ин сӯҳбат тавассути воситаҳои ахбори умум паҳн мегардад.                     Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки сармоягузории Аврупо Филипп Мейштадро ба ҳузур пазируфт.                     Таъкид гардид, ки минбаъд Бонки сармоягузории Аврупо бо раҳнамоии Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми намоён хоҳад гузошт.                    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Филипп Мейштад аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот як созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо имзо намуданд, ки ҳадаф аз он маблағгузории лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аст.                     Ба гуфти Филипп Мейштад Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд.  

Февраль 16, 2009 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд