СЕМИНАР ДАР КЎЛОБ

Февраль 27, 2009 14:02

                Кўлоб, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар шањри Кўлоб дар мавзўи «Додани шањодатнома ба тухмињо» бо иштироки кормандони раёсати кишоварзии шањру навоњии минтаќаи Кўлоб семинар баргузор гардид. Маќсади семинар амалї сохтани наќшањои рушди соњаи картошкапарварї, самаранок истифода бурдани тухмї, рушди соњаи ғаллакорї, мубориза бар зидди њашароти зараррасон ва дигар масъалањои муњими соњаи кишоварзї ба шумор меравад. Ассотсиатсияи тухмипарварии минтаќавии «Кишоварз» дар ин самт вазифа ва оинномаи худро оиди таъмин намудани хољагињои дењќонї бо картошкаи тухмї, њамоњангсозии фаъолияти амалии аъзоёни Ассотсиатсия, мусоидат дар барќарор намудани робита бо маќомоти дахлдори њокимияти давлатї амалї месозад. Дар рафти семинар сардори раёсати кишоварзии ноњияи Мўъминобод Эмом Шарифов аз сифати тухмии картошка изњори нигаронї намуда, афзуд, ки тухмии картошкаи аз ноњияњои Рашту Љиргатол ба минтаќаи Кўлоб ворид гардида, ба заминњои ин мавзеъ мутобиќ нест, яъне аз 1 гектар замин ба љои 50 тонна њамагї 25 то 30 тонна њосил гирифта мешавад. Мавриди зикр аст, ки ассотсиатсияи тухмипарварии минтаќавии «Кишоварз» асосан бањри дастгирии оилањои камбизоат таъсис ёфта, 79,6-гектар замин дорад, ки аз ин 6,1-гектар замини обї, 25,5-гектар замини лалмї, 12,8-гектар замини иљоравї, 28,7- гектар заминњои хољагињои дењќонї мебошад. Ќитъањои замин дар њудуди 8 дењањои минтаќаи Кўлоб љойгир шудааст. Дар ин заминњо тухми зироатњои сабзавотї парвариш меёбад.                Бояд ќайд намуд, ки семинар аз тарафи Иттињоди Аврупо маблаѓгузорї гардида, дар 1 сол 6 маротиба бо иштироки кишоварзони шањру навоњии минтаќаи Кўлоб гузаронида мешавад.

Февраль 27, 2009 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд