ШАРИКИ НАВИ СТРАТЕГӢ ДАР РУШДИ СОҲИБКОРӢ
Душанбе, 9 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Санаде, ки 5 сол амал накард аз нав қабул ва ба тасвиб расид. Сухан дар бораи созишномае меравад, ки соли 2004 аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Исломободи Покистон ба имзо расида буд. Қабул шудани ин ҳуҷҷат аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар шароити хеле мушкили бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ талаботи давру замон ва пайдо кардани шарики стратегии ба аҳдашон устувор дар ростои шарикони стратегии забонӣ мебошад. Коршиносон қабули Созишномаро аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манфиати рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба ҳарду ҷониб манфиатнок аст, аз васеъ шудани доираи сиёсати хориҷии Тоҷикистон медонанд. Покистон яке аз он кишварҳоест, ки ҳанӯз соли 1996 барои сармоягузорӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда буд. Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамчунин ба сохтмони корхонаҳои коркарди пашм, пӯст, сангҳои қимматбаҳо ва сементи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






