ШУМОРАИ ОДАМОНИ ҚАШШОҚ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, авҷ гирифтани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар давоми соли 2009 сабаби боз ҳам бештар қашшоқу бенаво гардидани 53 миллион нафар хоҳад гашт. Ҳамин тариқ, шумораи онҳое, ки дар як рӯз барои қути лоямут ҳамагӣ 2 доллар сарф мекунанд, ба 1,5 миллиард нафар мерасад. Ба қавли коршиносони СММ, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ сабаби ба амал омадани бӯҳрони гуманитарӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф гардида метавонад. Соли 2009 шумораи одамоне, ки дар давоми рӯз барои хариди озуқа 1 доллар сарф мекунанд, 46 миллион нафар меафзояд. Дар робита, роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ба мамлакатҳои тараққикардаи саноатии ҷаҳон пешниҳод намуд, ки 0,7 фоизи маблағи барои рушди иқтисодиёт пешбиникардаашонро ба ҳисоби фонди расондани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоату қашшоқи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон гузаронанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






