СПИД ДАР ЧИН БЕМОРИИ ҚОТИЛТАРИН ЭЪЛОН КАРДА ШУД
Пекин, 18 феврал. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости» ). — СПИД дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар байни ҳамаи бемориҳои гузаранда «бемории қотилтарин» эълон карда шуд. Хабар дода мешавад, ки аз моҳи январ то моҳи сентябри соли гузашта дар ин мамлакат аз бемории СПИД 6 ҳазору 897 нафар вафот кардааст. Ҳамин тариқ бемории мазкур аз ҷиҳати вафоти одамон нисбат ба бемориҳои паҳншудаи сил ва ҷунуни ҳор пеш гузашт. Бояд гуфт, ки бемории СПИД дар Чин бори аввал соли 1982 ба кайд гирифта шуд. Бемори нахустини СПИД дар ин ҷо соли 1985 вафот кард. Шумораи беморони ВИЧ/СПИД дар Чин аввали соли 2008 бештар аз 700 ҳазор нафарро ташкил дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






