СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бахшида ба 15-умин солгарди муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Имрӯз ба таъсиси Намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон 15 сол пур мешавад. Дар ибтидо мехостам қаноатмандии хешро аз раванди таҳкиму густариши равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва ин созмони бонуфузи минтақавӣ таъкид намоям. Дар давоми солҳои охир ин раванд хеле фаъол гаштааст ва муносибатҳои мо ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Дар ин муддат, бо назардошти тағъйиротҳои назаррас дар вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ваколати намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ду маротиба такмил дода шуд. Мардуми Тоҷикистон аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои саҳми ин созмони бонуфуз дар бозгашти сулҳу истиқрор ва рафъ намудани оқибатҳои солҳои мушкилиҳои дохилӣ сипосгузор аст. Дар ин лаҳзаҳои пурнишот мехостам нақши муҳими Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди таҳкиму густариши робитаҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо қайд намоям. Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун яке аз муаллифони асосии бунёди сулҳ ҳангоми суханрониҳои худ дар форум ва ҷаласаҳои созмон дар бораи он нақши муҳиме, ки САҲА дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа бояд бозад, таъкид мекард. Бо ин ҳама метавон ишора кард, ки имкониятҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳанӯз ҳам ба пуррагӣ истифода нашудаанд. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо метавонад кӯмаку мусоидати бештари худро дар амалияи боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон, интиқоли таҷрибаи бойи кишварҳои аъзои Созмон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ расонад. Коҳиши таъсири бӯҳронҳо ва рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақа ба истифодаи иқтидори транзитии минтақаи Осиёи Марказӣ ва инкишофи роҳҳои нақлиётӣ ва коммуникатсия вобаста мебошад. Дар ин робита пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавӣ оид ба нақлиёти транзитӣ ниҳоят бамаврид мебошад.Изҳори боварӣ менамоям, ки САҲА барои ноил гаштан ба ин ҳадафи наҷиб ва татбиқи лоиҳаҳои авлавиятнок барои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо кӯмаки ҷиддӣ хоҳад расонд. Рушди муносибатҳои доманадор миёни Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо як амри зарурист. Он метавонад барои густариши ҳамкории мо ба хотири тантанаи арзишҳои олии умумиинсонӣ мусоидати муассир расонад. Тоҷикистон, баробари баланд арзёбӣ намудани таваҷҷӯҳи амиқи САҲА ба масъалаҳои таҳкими сулҳу субот дар минтақа, мубориза бар зидди терроризм, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳалли дигар масъалаҳои доғи рӯз, ки дар барномаҳояш омадаанд, ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин Созмон тавассути муассисаҳои тахассусии он саъй менамояд. Бо истифода аз фурсат мехостам дар бораи саҳми Дафтари САҲА дар рушди Тоҷикистон андаке таваққуф кунам. Чунончӣ мехоҳам, сатҳи баланди ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистонро бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар соҳаи татбиқи Барномаи силоҳи сабуки оташфишон ва аслиҳаи оддӣ, безарарсозии минаҳо, мустаҳкам намудани муҳофизати сарҳад ва хосатан татбиқи 9 пружаи мушаххас дар ин самт қайд кунам. Қарор дар бораи ифтитоҳи Коллеҷи САҲА барои ҳайъати роҳбарикунандаи хадамоти сарҳадӣ дар Душанбе худ нишонаи пайравии созмон ба ӯҳдадориҳояш дар таъмини субот дар минтақа мебошад. Дафтар як қатор лоиҳаҳоро, ки ба тақвияти минбаъдаи раванди демократӣ дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии ӯ, воситаҳои ахбори умумии мустақил, ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ равона шудаанд, бомуваффақият иҷро намуда истодааст. Дафтар инчунин дар татбиқи лоиҳаи гуфтугӯи созанда байни Ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои миллӣ дар чаҳорчӯби Шӯрои Ҷамъиятӣ иштирок менамояд. Тавре, ки қайд намудем ба таърихи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо зиёда аз 15 сол мешавад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ ҷониби Тоҷикистон ва САҲА дар якҷоягӣ китобро таҳти унвони "Тоҷикистон-САҲА: мусоҳиба ва ҳамкорӣ" таҳия ва нашр намуданд, ки ҳоло манзури шумо мегардад. Мехостам бори дигар ҳамаи шумоёнро ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва файзу баракати ҳамешагӣ орзу намоям.