СУЛАЙМОНӢ: «МЕЪМОРИ САРНАВИШТИ ХУД ШУДЕМ»
Душанбе, 7 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-11 феврал аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон 30 сол пур мешавад. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар низоми давлатдории Эрон дигаргунии куллӣ ба вуҷуд оварда, салтанати 2500 -солаи шоҳаншоҳиро дар ин кишвар фурӯ рехт. — Чи боис шуд, ки мардум дар ин кишвар даст ба шӯриш заданд? Бо ин ва дигар саволҳо дар остонаи ҷашни миллии Эрон мусоҳибае оростаем бо Раиси Ройзанаи фарҳангии Сафорати Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамон Сулаймонӣ. Мӯҳтарам ,Қаҳрамон Сулаймонӣ мегуфтед, ки чӣ сабаб шуд, ки мардуми Эрон даст ба иқилоб зад? Таърихи рӯйдоди Инқилоби Исломӣ чӣ гуна аст? — Дар воқеъ агар бихоҳем вориди ин қазия бишавем бояд ба вазъи сиёсии ҷаҳони он даврон назар бикунем. Он даврон, ки Инқилоби исломӣ дар Эрон ба вуқӯъ пайваст дар сатҳи ҷаҳон чӣ навъ муносибат ҳоким буд? Дар сатҳи ҷаҳон он вақт Эрон ба унвони як кишвари вобастаи мағрибзамин буд. Ба таври мушаххас Амрико. Мардуми Эрон як таҷрибаи бисёр талх доштанд. Таҷрибаи талхе, ки бо шикасти наҳзати миллии Эрон ба таври мушаххас доктор Мусабеъ ва шахсоне, ки тавассути амрикоиҳо дар Эрон анҷом шуда буд, як шахси вобастаеро ба худашон ба номи Муҳаммадризо Паҳлавӣ- шоҳи Эрон ба сари қудрат расонида буданд. Дар воқеъ Эрон ба сурати пойгоҳе барои кишварҳои ғарбӣ даромада буд. Аз ин пойгоҳ мекӯшиданд ба унвони жандарми минтақа баромад мекарданд. Фикр намекарданд, ки ин пойгоҳи қудратманде, ки бунёд кардаанд , як рӯзе мавриди хатар қарор мегирад. Бо ҳамин далел ба воситаи марзҳои тӯлоние, ки Эрон бо Иттиҳоди Шӯравии собиқ он вақт вуҷуд дошт Эрон ба сурати як пойгоҳе барои амрикоиҳо даромада буд, ки аз он маҳал метавонистанд Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро ба фаъолиятҳояшон мавриди таҳдид қарор бидиҳад. Воқеъан Эрон як пойгоҳе буд, ки амрикоиҳо онро мавриди истифода қарор дода, ба зерсохторҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ хуллас сиёсии Эрон ва гаравишоти мардум таваҷҷӯҳ мекарданд. Яке аз омиле, ки боиси ба вуҷуд омадани инқилоби Эрон аз нигоҳи фарҳангӣ бештар ман таҳлил мекунам ин қазияро, ин адами таваҷҷӯҳи шоҳ ба зарфиятҳои фарҳанги динӣ ва миллии кишвар буд. Яъне дар ҷараёни раванди навсозию дигаргуниҳои ин кишвар шоҳи Эрон дақиқан он сиёсатҳоеро думбол мекард, ки Эронро ба сурати як кишвари бо стандартҳои комилан ғарбӣ дарбиёварад. Ҳадди аввал дар ҳавзаи фарҳангӣ низ чунин буд.Ба таваҷҷӯҳ ба арзишҳои динӣ, ба алоқа ба суннатҳои мардум ба гироишҳои миллӣ таҳқири эрониён тавассути ғарбиҳо як заминаи шӯриши умумиро дар мардум фароҳам карда буд, ки ин шӯриши умумӣ метавонист дар воқеъ як зарфияти бо тамсили фаровонро барои инқилоб эҷод кунад. Аз ҷониби дигар Имом Хумайнӣ дар ин масъала огоҳ буд. Ба унвони як касе, ки аз соли 1342, дар воқеъ 15 сол қабл аз вуқӯъи инқилоби Эрон бо воситаи мухолифатҳое, ки бо шоҳ мекард, шоҳ бо танбеҳе ки аз низоми ҳокимӣ дар Эрон мекард шоҳ натавонист таҳаммул кунад. Имом Хумайниро ба Туркия ва баъдан ба Ироқ бадарға кард. Дар он замон дар Ироқ ҳукумати барсиҳо сари қудрат буд ва мехостанд Имомро дар он ҷо назорат кунанд. Яъне дар онҷое нигоҳ медоштанд, ки ҳамеша зери назар бошад ва бо ин роҳ имкони дастрасии мардумро ба Имом маҳдуд карданд. Қуввату қудрати маънавии Имом хеле бузург буд. Режим намехост, ки ӯро дар зиндон нигоҳ дорад. Агар дар зиндон нигоҳ медоштанд, ҳама заминаҳои шӯриши иҷтимоӣ фароҳам мешуд. Яъне аз мардум дур карданд. Ба ин далел ӯро ба Туркия ва баъдан ба Ироқ бадарға карданд. Аз ин зарфият мардум тавонист ба дурустӣ истифода кунад ва як ҷараёнеро роҳбарӣ кунад. Ҷараёне, ки ҳамаи мардум дар мунтазираш буданд. Ҳатто комуннистҳо, доираҳое, ки ба эътиборе ба дину масъалаҳои динӣ ва оинҳои динӣ эътиборе надоштанд, аз ҷумла миллигароиҳо, мазҳабиён, коммунистон, лоикҳо ва ғайридинҳо дар ин қазия ҳамроҳ буданд. Ҳамаи мардум дар як асл иттифоқ доштанд. Он асл ин буд, ки шоҳ набошад. Яъне ин иттифоқ дар он давр яке аз шигифттарин иттифоқ дар Эрон буд. Ва раҳбари ҳамаи ин ҷараёнҳо Имомро мешинохтанд, бо таваҷҷӯҳ ба қудрати маънавӣ, ки дошт ба дурустӣ метавонистанд аз ин ҷараён истифода кунанд. Муҳим ин буд, ки дар ин ҷараён Имом чизе надошт, ҷуз як қудрати маънавӣ. Яъне ҳеҷ гоҳ даст ба аслиҳа набурд, даст ба хушунат назад, дар рӯёрӯи шоҳ бо дасти холӣ истода буд. Дар ҷараёни тазоҳуроти мардум гул медоданд, гул мепошиданд. Таъбир бояд кунем, ки бо қудрати маънавӣ инқилоби Эрон ба пирӯзӣ расид. Агар бихоҳем думболи ба вуқӯъ омадани Инқилоби Эрон бигардем ин мантиқтарин таҳлил буд. Шӯриши маънавии мардум алайҳи низоми фарҳангии ҳоким авҷ мегирифт. Зикр бояд кард, ки мардум намехост, ки кишвари Эрон ба сурати як мустамликаи Ғарб ба сурати порчае аз Амрико табдил гардад, ба таваҷҷӯҳ ба оинҳои миллӣ ва эътимодоти мазҳабӣ ва барои тороҷ ва ғорати дороии моддии Эрон, ки тамоми нафти Эронро бо арзонтарин қиммат мебурданд ва Эрон ба сурати як кишваре баромада буд, ки дар онҷо ҳар чи ки аз Ғарб мехостӣ буд, вале моли истеҳсоли ватанӣ набуд, истеҳсолот чизе тавлид намекард. Он чизе, ки имрӯз дар кишвари мо истифода мешавад, моли истеҳсоли худи Эрон аст, яъне истеҳсолоти ватанӣ рушд ёфтааст. Дар он давра мо бо пирӯзии инқилоб як нигоҳи тозае ба қобилиятҳои худамон кардем. Як нигоҳи бумӣ, як нигоҳи миллӣ. Кишваре, ки мошин ворид мекард, кишваре ки хӯрока ворид мекард, кишваре, ки ҳатто китобашро аз хориҷа ворид мекард, яъне тамоми молу заруриёти зиндагиаш аз он сӯи дунё меомад, ҳар чӣ нарх дошт, медод, осебпазирии ин кишварро зиёд мекард. Яъне кофӣ буд, ки як рӯз Ғарб тасмим бигирад, ки дигар чизе надиҳад. Мардум ҳамеша ниёзманд ба оддитаррин заруриёти рӯзгораш буд. Иттифоқе, ки дар Инқилоби исломии Эрон афтод мо нигоҳҳои даруни ҷомеаи худро сохтем, мо худамон чизҳое, ки зарурат доштем офаридем ё ба ибораи дигар мо дастони худро меъмори сарнавишти худ намудем. Ба ҷое, ки дигарон меъмори сарнавишти мо бошанд, хонаи сарнавишти моро бунёд бикунанд мо ҳамаи инро ба дасти худ гирифтем. Ин муҳимтарин гардиш дар сарнавишти миллати кишвари мо буд. Ба рағми он ҳама беадолатиҳо ва он ҷанги 8 солаи таҳмилшудаи Эрону Ироқ , ки аз ҷониби Амрикою Фаронса Шӯравию Британияи Кабир ва дунёи Араб таҳррезӣ гардида буд. Ҷанге, ки наздик ба 1триллион доллар ба Эрон хисорот ворид кард. Ин аввалин ҷанге, ки дар зарфи 200 соли охир дар Эрон рух дода буд ва як ваҷаб хоки Эрон аз даст дода нашуд. Ба рағми он ки ҳамаи арабҳо дар як самт буданд ва амрикоиҳо пуштибонӣ мекарданд. Ё дунё дар як сӯ ва Эрон дар як сӯи дигар буд. Эрон дар маҳдудаи марзҳои миллии худ тавонист аз худаш ҳимоят кунад ягон кишвари дунё кӯмак намекард, дар ин маврид як ваҷаб хоки Эрон аз даст дода нашуд. Дар ин давра Эрон ба ҷуз аз нигоҳи маънавӣ, дороии арзишҳои маънавӣ, худшиносии миллӣ чизе надошт. Ин ҷанг як сол баъд аз инқилоб оғоз ёфт ва мехостанд Эронро шикаст диҳанд ва талоше буд, ки инқилоб ба натиҷае нарасад. Бо пирӯзии инқилоб режими шоҳаншоҳӣ дар Эрон фурӯ рехт. Онро мардум чӣ гуна қабул кард? Пирӯзии инқилоб яке аз ёдмондтарин рӯзҳои таърихии Эрон буд. Ҷашни 2500-солагии шоҳаншоҳӣ дар Эрон, шоҳ ҳамеша мондагор буд ин ҷашнҳо дар воқеъ ҳосили ҳамин нигоҳи шоҳ ба сиёсат буд, ки фикр мекард, ки ҳаргиз осебпазир намешавад. Аз ин рӯ, аслан он чизе, ки дар ҷашнҳои 2500 -солагӣ иттифоқ афтод ҷашни 2500-солагии ҷашни даврони ҳахоманишиҳоро таҷлил кард, инро мардум аслан қабул накард. Дар он солҳои пирӯзии инқилоб ҷавон будед? Оре, мо насли дастпарвардаи инқилоб ҳастем. Мо дар он солҳо ба камол расидем. Мо насле ҳастем, ки чандин давраро таҷриба кардем- давраи қабл аз инқилоб, давраи инқилоб ва Имом Хумайнӣ ва давраи баъд аз Имом. Ба ибораи дигар мо насле ҳастем, ки саршори ҳамаи таҷрибаҳои таърихӣ ҳастем, он рӯзҳое, ки пирӯзии инқилоб ба вуқӯъ омад, ҷавон будем, рӯзҳое буд, ки дарҳои биҳишт ба рӯи мо боз шуда буд. Он таҷриба такрорношуданист барои насли мо. Он давраи таку тоб, ки қариб як сол тӯл кашид, тазоҳурот буд, митингу нишасту суханрониҳо буд. Мо дар ин рӯзҳо зиндагиро ба маънои тамомаш ҳис мекардем. -Дар тӯли 30 соли пирӯзии инқилоб Эрон ба кадом дастовардҳо мушарраф гардидааст? Муҳимтарин дастоварди мо ин як нигоҳи миллӣ ба худамон аст, яъне худшиносист.Ин арзиш бисёр арзиши волост. Он миллат, ки натавонад як нигоҳ ба худаш бикунад, ки чӣ ҳаст худшиносии миллӣ. Худшиносии миллӣ, ки таркиби мутавозини аз эроният ва исломият аст. Мо ин ду рисолатро ҳимоят кардем. Мо ҳамчунон, ки ҷашни Наврӯз муҳимтарин рӯйдоди таърихи фарҳангии мо ҳаст, дар канораш иди Қурбон ва ғайраро таҷлил менамоем. Муҳимтарин дастоварди мо фароҳам кардани як андешаи миллӣ барои худи мо, барои ояндаи ин сарзамин буд. То нуқтаи ибтикори рафтори худамон бошем. Дигарон барои мо тасмим нагиранд. Он чанд, ки то ҳол мардуми Эрон ва инқилобро нигоҳ доштем чизи дигар ҷузъ худшиносии миллӣ нест. Миллате, ки барои як сӯзани хайётӣ ниёзманд буд ва ҳамаи чизро аз хориҷ ворид мекард, имрӯз дар бархе аз арсаҳо мо ҷузъи аз кишварҳое пешрафта ҳастем, ки дар дунё аксари технологияҳои пешрафтаро дорем. Технологияҳои муосир, ки ҷузъи ҷадидтарин илмҳост ва дар дунё бисёр масраф дорад як чашмандози ояндаи ҷаҳон аст. Ин ҳамон кишварест, ки боз такрор мекунам барои як сӯзани хайётӣ ниёзманди бегонагон буд. Мо имрӯз дастрасӣ ба энергияи атомӣ дорем, ки он боиси ҷанҷоле дар сатҳи байналмилалӣ шуда, мо ҳам мисли дигар кишварҳое, ки алъон бархе барқашонро ба воситаи энергияи атомӣ таъмин мекунанд, мақсади кишвари мо низ ҳамин аст. Иттифоқан ин барнома дар кишвари мо аз давраи пеш буд. Дар давраи қабл ширкати «Сименс»-и олмонӣ ва амрикоиҳо ин корро анҷом медоданд. Ва мушкиле, ки дар воқеъ Ғарб бо мо дорад мушкилашон он аст, ки мо мехоҳем худамон ин барномаро анҷом бидиҳем. Яъне ин ҷо фарқ мекунад касе биёяд як технологияи навро ба роҳ андозад. Ғайр аз ин, имрӯз дар саноати вазнин, ҳавопаймоӣ, мошинсозӣ пӯлод ва дигар соҳаҳо кишвари мо ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Эрон имрӯз кишварест, ки комилан амнияти ғизоиии худро таъмин мекунад. Ба вуҷуди он ки кишвари камобу хушк аст. Мо як сегонаи мутавассити борони ҷаҳонро дорем. Дар бахши мудирият, барномарезӣ алҳол Эрон ба пешравиҳо ноил гардидааст. Мо дар арсаҳои ҳаво -фазо он чизе, ки дар дастовардҳои низомии мо яъне он чизе, ки бахши мушаксозӣ, сохтани ҳавопаймои низомӣ, имконоти фиристонидани моҳвораро ба фазо фароҳам кардем. Ин ҳама нишондиҳандаи як масири тавсеа барои Эрон аст, ки ин маҳсули нигоҳи мо, худшиносии мардуми сарзамини мо аст. Агар ин нигоҳ намебуд ин дастовардҳо ҳам ба вуҷуд намеомад. Ин ҳам мисли дигар кишварҳои минтақа, ки ҳама чизашонро аз хориҷ ворид мекунанд, чунин иттифоқ барои Эрон ҳам қаблан буд. Хушбахтона имрӯз кишвари мо ҳама чизро худаш тавлид мекунад. -Шумо ба ҳайси роҳбари намояндагии Маркази фарҳангии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон фаъолият доред, имрӯз ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон чӣ гуна баҳо медиҳед? Бахусус ба сатҳи ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар? — Он чизе иттифоқ афтодааст дар тӯли ин 16 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мо як растохез, як иттифоқи бисёр-бисёр хуҷастае буд. Баъди 20 соли қарни гузашта аввалин маротиба аст, ки дар ҷуғрофиёи фарҳангии эронзамин як кишваре пайдо шуд, ки бо забони модарии мо ҳарф мезанад, кишваре пайдо шуд, ки сатҳи фарҳангашон сатҳи фарҳанги миллии мо ҳаст. Роҳбарони ду кишвар таъкид кардаанд, ки мо кишварҳои ҳамсарнавиште ҳастем. Дар воқеъ, Тоҷикистон як кишвари маъмулӣ нест. Барои мо пайдо кардани як бародаре ҳаст ки мо дар қаъри таърих гум карда будем. Пайдо кардан ва ба висоли ҳамдигар расидани ду бародар, ки аз қаъри таърих дубора бо ҳам мерасанд, албатта як иттифоқи оддӣ нест, як иттифоқи бисёр хуҷастаест. Равобити фарҳангии ду кишвари ҳамзабон дар сатҳи баланд қарор дорад. Масалан, баъд аз чандин сол агар як эронӣ ба Тоҷикистон меомад чи қадар хотирае мебардошт. Масалан, вақте, устод Фурӯзонфар ба Тоҷикистон омада буд дар хотираи тамоми фарҳангиёни ин ҷо боқӣ мондааст. Дар тӯли ин солҳо рафту омади ҳайатҳои бонуфузи фарҳангии ду кишвар афзоиш ёфт. Дар воқеъ ин як ҳадяи илоҳист. Як иттифоқи бузург аст барои мо, фикр мекунам, ки ин дастовардҳои бузурге ҳаст бо соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мо таваллуди як кишварро бо номи Тоҷикистон ба манзалати эҳёи дубораи эроният дар Осиёи Марказӣ медонем. Истиқлолияти Тоҷикистон, иртиботи мо бо дӯстони тоҷик ва давлати мустақили Тоҷикистон иртибототи бисёр судманд, хуб ва қобили қабул аст. Ман фикр мекунам, ки дурнамои муносибатҳои ду кишвар ояндаи хуб хоҳад дошт. — Шумо ба ин хушбин ҳастед? Оре, қатъан хушбин ҳастам. Агар дар баъзе масъалаҳо назарамон як набошад, вале сарнавишти таърихии мо таврест, ки мо бояд дар канори ҳам зиндагӣ бикунем. Ғайр аз ин ҳеҷ чорае надорем. Агар мо ба ин тасмим нарасем, дигарон моро мебанданд, тикаву пора мекунанд. Мо як сарнавишти таърихӣ дорем. Ин сарнавишти таърихӣ моро водор месозад, ки бояд бо якдигар кор бикунем, зиндагӣ намоем, умуман ҳамкории қавӣ ва устувору судманд дошта бошем. Ман фикр мекунам, ки хушбахтии ҳар ду миллат дар ҳамин аст.