ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚАРОРИ ҲУКУМАТ

Февраль 6, 2009 11:48

                Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба қарори Ҳукумати Ҷӯмҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 «Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар банди 1-и қарор калимаҳои «як маоши ҳадди ақал» ба калимаҳои «20 (бист) сомонӣ» ва дар қоидаҳои таъин ва кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, банди 3 ба «Комиссияи мактабиро муовини директори мактаб роҳбарӣ намуда, аз ҳисоби аъзои комиссия як нафар котиб интихоб мегардад» иваз карда шуд.                  Инчунин, дар банди 8 калимаи «як» ба калимаҳои «50 фоизӣ», дар банди 11 калимаҳои «баробар ба ҳаҷми маоши ҳадди ақали муқарраргардида» ба калимаҳои «20 (бист) сомонӣ» иваз карда шуд. Бояд гуфт, ки дар ин бора Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 феврал қарор қабул кард.  

Февраль 6, 2009 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид