ТАҶЛИЛИ 15 – СОЛАГИИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО САҲА
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). -Имрӯз дар шаҳри Душанбе 15 — солагии ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амнияту ҳамкории Аврупо таҷлил карда мешавад. Намояндагии созмон дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 1994 кушода шуда буд. Зарурати кушода шудани он ба додани машваратҳо ба мақомоти давлатии Тоҷикистон дар масъалаҳои бартараф сохтани муноқишаи мусаллаҳона, истиқрори сулҳ ва ҳамкорӣ барои пешгирии вазъияти фавқулодда вобаста буд. Қарори кушодани намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 1 декабри соли 1993 зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои созмон дар Рим қабул карда шуд. 2 октябри соли 1996 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА таъин гардид.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






