ТАДБИРҲОИ САРФАИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР «ТАЛКО»
Душанбе, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» дар бораи ҷорӣ кардани тартиботи махсуси кам намудани масрафи қувваи барқ дар ҳамаи коргоҳҳо ва шӯъбаҳои корхона қарор қабул кард. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки қарори мазкур дар робита бо бӯҳрони энергетикӣ дар мамлакат қабул карда шуд. Аз ҷумла, дар тамоми коргоҳҳои корхона ҳаҷми масрафи қувваи барқ ва ҳаҷми гудозиши алюминии хом кам карда шуд. Барои ин зиёда аз сад ваннаи электролизӣ аз кор боздошта шуд. Айни ҳол ҳаҷми масрафи қувваи барқ дар корхона дар як шабонарӯз қариб 15 миллион киловатт — соатро ташкил медиҳад. Ҳол он ки мувофиқи меъёри муқарраршуда дар як шабонарӯз бояд 21 миллион киловатт — соат қувваи барқ сарф карда шавад. Инчунин, вақти басти корӣ дар корхона як соат кам шуд. Коргарону мутахассисон дар чунин шароит ҳамаи тадбирҳоро меандешанд, ки фаъолияти мӯътадили корхона таъмин карда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад. Тарҷумон — Қудратов А.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






