ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАРНОМАСОЗӢ ДАР МАСКАВ ШИРКАТ МЕВАРЗАНД
Душанбе, 19 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). — Талабагони синфи даҳуми гимназия — интернати муштараки бачагони соҳибистеъдоди Тоҷикистону Русия Акмали Беҳрӯз ва Қобил Ҳақназаров ба даври хотимавии олимпиадаи барномасозии компютерии саросари Федератсияи Русия даъват шудаанд. Олимпиада рӯзҳои 8 ва 9 март дар шаҳри Маскав баргузор мегардад. Директори гимназия — интернати мазкур Абдуфаттоҳ Ҳотамов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки Акмали Беҳрӯз ва Қобил Ҳақназаров дар даври аввали ғоибонаи олимпиада миқдори зарурии холҳоро ба даст оварданд, ки аз 10 октябри соли 2008 то 20 январи соли равон баргузор гардид. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






