ТАРКИШ ДАР ЯКЕ АЗ КОНҲОИ АНГИШТИ ЧИН
Пекин, 23 феврал. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Дирӯз дар яке аз конҳои калонтарини ангишти вилояти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин таркиши шадид рух дод. Дар натиҷа, камаш 73 кас ҳалок шуд. Лаҳзаи ба амал омадани таркиш дар зери замин 436 нафар кор мекард. Алҳол маълум нест, ки чанд нафар дар зери замин мондааст.Қисми зиёди коргарон наҷот дода шуданд. Қариб 150 нафар маҷрӯҳ шуд. Қайд карда мешавад, ки саноати истихроҷи ангишти Чин дар миқёси ҷаҳон яке аз соҳаҳои хавфноктарин мебошад. Ҳар сол дар конҳо ва корхонаҳои ин соҳа дар Чин то 7 ҳазор нафар қурбони фалокатҳои гуногун мегардад. Тарҷумон — Қудратов А








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






