ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Февраль 25, 2009 10:42

                 Душанбе, 25 феврал. (АМИТ»Ховар», Наргис Бояхмедова).- Президенти Латвия Валдис Затлерс бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли равон барои боздиди давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 феврали соли равон ба Латвия сафари расмӣ анҷом дод. Зимни сафар Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистону Латвия, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сарфи назар кардани андозбандии дубора ва пешгирии саркашӣ аз напардохтани андози даромад ва сармоя, Протоколи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат ва Созишномаи хамкории палатаҳои тиҷоратию саноатии ҳар ду кишвар имзо шуданд.                  Инчунин, ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Латвия дар бораи кушодани роҳи ҳавоӣ байни ҳар ду мамлакат созишнома имзо карданд. Мувофиқи он, ҳавопаймоҳои ширкати ҳавонавардии «Айрбалтик» аз 1 июни соли 2009 сар карда, дар байни шаҳрҳои Рига ва Душанбе парвоз мекунанд. Ширкати мазкур аввалин ширкати мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо хоҳад гашт, ки ҳавопаймоҳои он ба Душанбе парвоз мекунанд. Тибқи паймони ба даст омада ҳавопаймоҳои мусофирбар аз Рига ба Душанбе ҳар ҳафта ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа парвоз хоҳанд кард.                   Парвози ҳавопаймоҳо панҷ соату 30 дақиқа давом мекунад. Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Латвия изҳор карда буд: «Шумо роҳи моро ба Аврупо мекушоед, мо Шуморо ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ раҳнамоӣ хоҳем кард!».

Февраль 25, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид