ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ЯМАН БА ДУШАНБЕ
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар»,Наргис Бояхмедова). — Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ шоми имрӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба Душанбе ташриф меорад. Аз вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Алӣ Абдулло Солеҳ зимни сафар бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои ҳар ду кишвар баргузор мегардад. Меҳмони олиқадр баъдан бо раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов мулоқот хоҳад кард. Президенти Яман дар ҷараёни сафар ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқии обии Норак шинос хоҳад шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






