ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК БА БИШЕКЕК МЕРАВАНД
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Аз 9 то 10-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ба хотири гиромидошти ҷанговар-интернатсинал Витали Гордеев баргузор мегардад. Ин мусобиқа ба 20-умин солгарди баровардани қӯшунҳои шӯравӣ аз хоки Афғонистон бахшида шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастаи СКА намояндагӣ мекунад. Ба ҳайати дастаи мазкур Олим Зикаев (62 кг), Ҳотам Ашӯров (68 кг), Сулаймон Сулаймонов (74 кг) ва Сарфароз Сарфарозов (74 кг) шомиланд. Дар мусобиқа, ки маротибаи 22-ум баргузор мегардад, варзигарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Русия ширкат хоҳанд кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






