ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК СОҲИБИ 4 МЕДАЛ ТИЛЛОӢ ШУДАНД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ду намояндаи Тоҷикистон — Шоҳрух Маҳмудов ва Фирдавс Муродов — дар Бозиҳои махсуси зимистонаи ҷаҳонӣ байни варзишгарони маълул дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чаҳор медали тиллоӣ ба даст оварданд. Шоҳрух Маҳмудов дар лижаронӣ ба масофаҳои 300 ва 1500 метр ҷойҳои аввалро касб карда, соҳиби ду медали тиллоӣ гардид. Фирдавс Муродов низ дар роҳгардӣ бо лижаи рӯи барф ва лижаронӣ дар нишебии кӯҳсор бо ду медали тиллоӣ мукофотонида шуд. Дар ин бозиҳо, ки дар шаҳри Бойзаи Иёлати Айдохаи Амрико дар 7 намуд тӯли як ҳафта идома кард, беш аз 2000 варзишгари маълул аз 104 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






