ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ВАЗЪИ СИЁСИИ МИНТАҚАРО БАРРАС&#125

Февраль 9, 2009 14:22

                 Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавджуда Давлатзода).- 8 феврали соли 2009 бо даъвати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Вакидбек Калиев бо сафари корӣ дар Тоҷикстон қарор дошт.                Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Ш. Хайруллоев бо В.Калиев худи ҳамон рӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқот онҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Қирғизистон, масоили вобаста ба ташкили машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, ҳамоҳангии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи ҳарду кишвар дар самти табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ ва дигар масоили марбут ба ҳамкориҳои самарабахши низомии ҳарду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.                  Ҷонибҳо инчунин, доир ба авзои сиёсию низомии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, боз ҳам беҳтар намудани авзои ҳамкориҳо дар самти табодули иттилоот дар мубориза бар зидди хатарҳои эҳтимолӣ, таъминоти моддию техникӣ ва умуман густариш додани муносибатҳо дар ҳама ҷабҳаҳои низомӣ мароқ зоҳир карданд.                   Дар охири мулоқот вазирони мудофиаи ҳарду кишвар оид ба сафари кории вазирони мудофиаи Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои ҳамдигар протокол ба имзо расониданд.

Февраль 9, 2009 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад