ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БО ВАО ҲАМКОРӢ МЕХОҲАД
Душанбе,27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва баланд бардоштани нақши васоити ахбори омма дар пешбурди сиёсати аграрии ҷумҳурӣ фармонеро ба тасвиб расонд. Тибқи фармони мазкур, фаъолияти васоити ахбори омма, ки ба беҳбуди соҳаи кишоварзӣ равона карда шуда, ба вазорат ҳамкории пайваста судмандро пеша кардан мехоҳанд, аз тарафи вазорат дастгирӣ меёбанд. Тибқи фармони мазкур, тамоми хадамотҳо,муассисаю корхонаҳо, раёсату ташкилотҳои зертобеъ вазифадор карда шуданд, ки маводҳои танқидию таҳлилии ВАО дар мӯҳлати муайяншуда баррасӣ ва аз натиҷаи он ба вазир иттилоъ пешниҳод намоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






