ЯРАМАРКАИ ҶОЙИ КОРУ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ
Душанбе, 28 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дирӯз бо ташаббуси раёсати ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шоҳмансур дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ярмаркаи ҷойҳои кору вазифаҳои холӣ баргузор гардид. Дар он аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он қариб 5 ҳазор нафар ширкат варзид. Ба бекорон дар ин ҷо 4583 ҷойи кору вазифаҳои холӣ пешниҳод карда шуд. Корҷӯён асосан ба муассисаҳои роҳсозӣ, ҳифзу муроқибати роҳҳо, муассисаҳои тиббӣ ва корхонаю муассисаҳои дигар даъват карда шуданд. Сардори шӯъбаи омӯзиши талаботи бозори меҳнати агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ Неъматулло Асоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба туфайли ярмарка 244 нафар шахси бекор соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид, 20 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ фиристода шуданд. Теъдоди зиёди корҷӯён ба иҷрои корҳои пулакии ободонии пойтахт сафарбар гардиданд. Ярмаркаи навбатии ҷойи кору вазифаҳои холӣ рӯзи ҷумъаи оянда дар бинои Филармонияи давлатии ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Тарҷумон — Қудратов А








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






