ЮНЕСКО: «ДАР МИҚЁСИ ҶАҲОН ҲАР МОҲ ДУ ЗАБОН АЗ БАЙН МЕРАВАД»
Душанбе, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — ЮНЕСКО ҳафтаи оянда дар Париж Феҳрасти умумиҷаҳонии забонҳоро нашр мекунад. Дар он забонҳое низ дарҷ карда мешаванд, ки ба онҳо хавфи маҳвшавӣ таҳдид менамояд. Феҳрасти мазкур бори аввал нашр карда мешавад ва дар он дар бораи бештар аз 2500 забони халқхои гуногун маълумот дода мешавад. Аз дафтари матбуоти СММ хабар доданд, ки феҳраст дар мамлакатҳои ҷаҳон ба таври ройгон паҳн карда хоҳад шуд. Аз рӯи маълумоти ЮНЕСКО, имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 6000 забон мавҷуд аст. 96 фоизи онро ҳамагӣ 4 фоизи сокинони сайёра истифода мебаранд. Қисми зиёди забонҳои ҷаҳон хати худро доранд. Аз рӯи маълумоти ЮНЕСКО, дар миқёси ҷаҳон ҳар моҳ ду забон аз байн меравад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






