ЗАДУХӮРДИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР САРҲАД
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Бо назардошти вазъияти мураккаби ҷиноӣ дар ноҳияи Шӯрообод, ки бо сабаби зиёдшавии ҳодисаҳои қочоқи маводи мухаддир, гаравгонгирӣ ба миён омадааст, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумита супориши қатъӣ дода буд, ки фаъолияти худро дар самти ҳифзи ҷисмонии сарҳади давлатӣ ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии трансмиллии наздисарҳадӣ пурзур намояд. Аз маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шаби 11 феврали соли равон дар ҳудуди деҳаи Қавоқи ноҳияи Шурообод дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи сокинони маҳаллӣ хизматчиёни Қушунҳои сарҳадӣ амалиёти махсус анҷом доданд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт задухӯрди мусаллаҳ байни сарҳадбонони тоҷик ва қочоқчиёни афғон бо сарварии шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашурбек валади Султонмад ва Муҳаббат валади Ғурбат ба амал омад, ки дар натиҷа шаш нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки тӯли солҳои зиёд ба нашъаҷаллобӣ ва гаравгонгирии сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон машғул буданд, нобуд карда шуданд. Сарҳадбонони тоҷик аз қочоқчиёни афғон беш аз 300 килограмм маводи гуногуни нашъадор, 4 автомати Калашников, 15 адад тирдон ва 450 адад тири автоматро мусодира намуданд. Ҳоло дар минтақаҳои наздисарҳадӣ корҳои ҷустуҷӯӣ давом доранд. Бояд қайд кард, ки амалиёти мазкур барои мӯътадил гардонидани вазъият дар минтақа ва пешгирии амалҳои ҷинояткоронаи нашъаҷаллобӣ ва гаравгонгирӣ мусоидат менамояд. Нисбат ба қазияи мазкур аз тарафи мақомоти тафтишотии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






