ҚУРБИ ДОЛЛАР МӮЪТАДИЛ БОҚӢ МОНД
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми рӯзҳои 3-4 марти соли равон дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА мӯътадил буд ва дар сатҳи 3,81 — 3,83 сомонӣ қарор дошт. Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор фаъолнокии амалиётҳо дар ҷуфти «сомонӣ — рубли русӣ» мушоҳида гардид ва қурби миёнаи он каме поён рафта, 0,1073 сомониро ташкил дод. Аз рӯи ҷуфти «сомонӣ — доллар» бошад, то як андоза фаъолнокии амалиётҳо ба назар расид ва дар баробари ин, қурби миёнаи доллари ИМА аз рӯи додугирифтҳо аз 3,7935 то 3,7695 сомонӣ поён рафт. Ҳамчунин, поёнравии қурби ниҳоии фурӯши доллари ИМА то 3, 8078 сомонӣ ба мушоҳида мерасад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






