ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ АМАЛИЁТИ «КАНАЛ – 2008»

Март 27, 2009 12:03

                      Маскав, 27 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар пойтахти Русия таҳти раёсати директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия, раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори СААД Виктор Иванов маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои мазкур баргузор гардид. Дар маҷлис Муншии умумии СААД Николай Бордюжа иштирок дошт.                       Иштирокчиёни маҷлис ҷараёни иҷрои қарори моҳи сентябри соли гузашта қабулнамудаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД — ро дар бораи мунтазам давом додани амалиёти «Канал» баррасӣ намуданд.Инчунин, лоиҳаи низомнома дар бораи ситоди байнидавлатии зидди маводи нашъадори давлатҳои аъзои СААД, маркази иттилоотии ҳамоҳангсози ситоди мазкур ва амалиёти минтақавии зидди маводи нашъадори «Канал» мувофиқа карда шуданд, ки дар маҷлиси ояндаи Шӯро қабул карда хоҳанд шуд.                      Қайд карда шуд, ки давлатҳои аъзои СААД соли 2008 барои бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия тавассути роҳи шимол корҳои зиёдеро ба сомон расонданд. Соли гузашта дар минтақа 27 роҳи қочоқи маводи нашъадор баста шуд. Дар маҷлиси ғайринавбатии Шӯро роҳбарони мақомоти муҳофизи қонуни Русия, намояндагони давлатҳои аъзои СААД ва созмонҳои байналхалқӣ иштирок намуданд.

Март 27, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид