ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КИНО ДАР ХОРУҒ
Душанбе, 16 март (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ҷашнвораи байналхалқии кино таҳти унвони «Ду марҳала» оғоз ёфт. Дар он киносозони панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ иштирок доранд. Роҳбари филиали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ Диловар Бӯтабеков хабар дод, ки дар ҷашнвора даҳ филми пурраметражи бадеӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон намоиш дода мешаванд. Ҳамаи ин филмҳо ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам баъди мустақил гардидани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба навор гирифта шудаанд. Ҷашнвора имкон медиҳад, ки ба эҷодиёти таҳиягарони филмҳо баҳо дода шавад. Тамошобинон инчунин, бо хусусиятҳои зиндагии халқҳои мамлакатҳои дигар аз наздик шинос мегарданд, гуфт Д.Бӯтабеков.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






