БА БОЗИИ НИМФИНАЛӢ ТАЙЁРӢ МЕБИНАНД
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Тибқи иттилои капитани дастаи "Тоҷиктелеком" Илҳом Бухориев, гурӯҳи он бардастаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 -ғолиб баромад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ба бозии нимфинал ду даста "Тоҷиктелеком" ва Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иҷозат гирифтанд. Дастаи "Тоҷиктелеком" бо дастаи "Соҳибкорон" ва Агентии мубориза бо коррупсия бошад, бо Сафоратхонаи Эрон қувваозмоӣ мекунанд. Бозии нимфинал 8-уми март дар варзишгоҳи пойтахт баргузор мегардад. Боварӣ ба дастаи "Тоҷиктелеком" рӯз аз рӯз бештар мегардад, зеро бозингарони беҳтарин чун Аҳлиддин Алимов, Беҳрӯз Абдуҳалимов, Лутфулло Нуруллоев, Комрон Шодиев, Зоир Содиқов, Олимшо Дарвешов ва Кӯҳзоди Сиддиқ барои баланд бардоштани шарафи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия талош доранд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






