БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ БАЧАГОНАИ НОҲИЯИ ҲИСОР КӯМАКИ МОДДӢ РАСОНИДА ШУД
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз 17 март, Вазорати фарҳанги ҶТ , ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати бачагонаи маъюби ноҳияи Ҳисор, бахшида ба Иди Наврӯзи хуҷастапай ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока тақдим намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, маводи ғизоӣ аз орд, равған, гӯшт, картошка, шакар ва ғайра иборат мебошад. Инчунин барои 300 нафар тарбиятгирандагон зиёфати идона ташкил намуда, ансамбли давлатии «Лола» бо барномаи консертии ҷолибу хушранги худ табъи тарбиятгирандагони мактаб-интернатро шод гардонд. Дар маросими супоридани кӯмаки хайрия муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев иштирок намуда, тарбиятгирандагонро бо фарорасии иди баҳор табрик намуд. Чунин кўмакҳо аз тарафи Вазорати фарҳанг ба ятимону бепарасторон пайваста расонида мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






