БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОИ ХОЛИИ КОР ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 9 март.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз бо ибтикори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар бинои Филармонияи давлатӣ ба номи Акашариф Ҷӯраев, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Ба ярмарка 70 корхонаю ташкилот барои корҷӯён беш аз 4 ҳазор ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд.Корҷӯён барои худ ҷои кореро интихоб намуданд, ки маош на камтар аз 400 сомонӣ бошад. Чунин ҷои кориро, ки эҳтиёҷи корҷӯёнро бо маоши баланд таъмин карда тавонад, танҳо 10 корхона бо шумори 70 ҷой пешкаш намуд.Барои ҷойҳои маоши на камтар аз 200 сомонӣ 60 корхона бо пешниҳоди беш аз 3 ҳазор ҷои кор дархост дод.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






