БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАҲОИ МАВОДИ НАШЪАДОРИ АФҒОНИСТОН ДАР ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Тахмина Гоибназарова).- Дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) имрӯз мизи мудаввар баргузор мегардад. Дар он муҳимтарин масъалаҳои марбут ба инъикоси тадбирҳои ба муқобили маводи нашъадори истеҳсоли Афғонистон андешидашаванда дар воситаҳои ахбори оммавии мамлакатҳои ИДМ баррасӣ карда мешаванд. Дар машварат намояндагони сафоратхонаҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналхалқӣ, намояндагони СММ ва хабарнигорон иштирок мекунанд. Тибқи нақша, дар машварати мазкур директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров иштирок хоҳад кард. Вай ба ҷамъомадагон дар бораи мулоқотҳояш бо роҳбарони мақомоти марбутаи Русия бахшида ба ин масъала маълумот хоҳад дод. Тарҷумаи Зебо Иноятова








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






