БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН 40 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶУДО МЕКУНАД
Душанбе, 20 март (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов 19 — уми марти соли равон бо ҳайати Бонки рушди Осиё таҳти роҳбарии сариқтисодчӣ Сонна Шрест мулоқот кард. С. Шерст зимни мулоқот иброз дошт, ки Бонки рушди Осиё барои дастгирии соҳаи иҷтимоии буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо мекунад. Имзои ин Созишнома ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст. Аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар робита атрофи масъалаҳои вазъи имрӯзаи иқтисоду молия дар ҷумҳурӣ ва андешидани чораҳо барои пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ табодули назар карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






