БТРА БАРОИ ТОҶИКИСТОН 50 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕНАМОЯД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо мушовири Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба кишварҳои ИДМ Ҷоомарт Оторбаев ва роҳбари намояндагии БТРА дар Тоҷикистон Мэте Ле Блан мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вусъат додани сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо ва мусоидати БТРА дар рафъи бӯҳронии молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон муҳокима шуданд. Намояндаи БТРА иттилоъ дод, ки Шӯрои директорони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ҷудо намудани 50 миллион евро ҷиҳати дастгирии соҳаи бонк ва рушди кишоварзӣ барои Тоҷикистонро тасдиқ намуданд. Оқил Оқилов таъқид намуд, ки минбаъд ҳавасмандии БТРА ба лоиҳаҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ равона карда шаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






