БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Исфара, 16 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Назрулло). — Дар шаҳри Исфара ба ифтихори 1310-солагии Имоми Аъзам конфронси илмию оммавӣ доир гардид. Дар он донишмандони исломшиноси ноҳия Алиxон Каримов, Абдусаттор Бобоев, Наимxон Самиев ва дигарон оид ба нақш ва хизматҳои бузурги Абӯ Ҳанифа дар илми фиқҳ, баланд бардоштани мақоми забони форсӣ-тоҷикӣ дар таҳкими мазҳаби ҳанафия ва ғайра табодули назар карданд. Муовини раиси ноҳияи Исфара Куброхон Собитова аз ҷониби Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани соли 2009 «Соли бузургдошти Имоми Аъзам»-ро аз ҷумлаи тадбирҳои судманди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ арзёбӣ карда, зикр намуд, ки ин ибтикорот тавсияии мусбиест ба ҳисси худшиносии мардум мебошад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






