ДАМА НАМОЯНДАГИИ ДИПЛОМАТИАШРО ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб (ДАМА) боздиди расмӣ анҷом дод. Дар доираи ин сафар 9 март дар Абӯ-Забӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳён мулоқот кард. Ҳамрохон Зарифӣ номаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба унвони Раиси Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ирсол шуда буд, тақдим намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар масъалаҳои рушди муносибатҳои сиёсию иқтисодии ду кишвар, вазъияти минтақа, ҳамкориҳои муштарак баҳри фароҳам овардани сулҳу субот дар Афғонистон ва коҳиш додани таъсироти манфии бӯҳрони иқтисодӣ табодули назар карданд. Шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳён иброз намуд, ки дар моҳҳои наздик сафари расмии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ хоҳад кард. Ӯ тазаккур дод, ки дар рӯзҳои наздик барои таъсис додани намояндагии дипломатии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур хоҳад дод.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






