Дар Душанбе олимпиадаи минтақавӣ оғоз ёфт
Душанбе, 24 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии №1-и шаҳри Душанбе олимпиадаи минтақавӣ аз фанҳои табии-риёзӣ ва гуманитарӣ ҷамъиятӣ оғоз ёфт. Дар олимпиадаи минтақавӣ 300 нафар мактаббачагони синфҳои 11 -и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар даври дуюм ғолиб омадаанд, иштирок доранд.Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ғолибонро ифтихорномаи Кумитаи тадорукот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ интизор аст. Инчунин, ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Олимпиада то 25 март идома меёбад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






