ДАР ШАҲРИСТОН НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ МУАЙЯН ГАРДИД
Шаҳристон, 17 март. (Ҳусейни Назрулло). — Дар маҷлиси навбатии Шӯрои ҷамъиятию сиёсии мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шаҳристон, ки дар он раисон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои мардумӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд, масъалаи омодагӣ ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва таҷлили 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия Р. Раҳимбердиев ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо нақшаи тадбирҳои дар давоми соли 2009 вобаста ба ҳамин масъала баргузоршаванда ошно кард. Сипас, мудири шӯъбаи масоили иҷтимоию фарҳангии дастгоҳи раиси ноҳия А. Қодиров дар мавзӯи шахсият ва нақши Имоми Аъзам маърӯза кард. Ӯ махсус саҳми Имоми Аъзамро дар рушди забони тоҷикӣ таъкид намуда, зикр кард, ки маҳз бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои бевоситаи ӯ забони тоҷикӣ забони дуюми ислом шуда буд. Дар фарҷом нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҷамъиятию сиёсӣ доир ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам тасдиқ карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






