ДАРХОСТИ КОРХОНАИ «ПАНИР» ДАР ШАҲРАКИ ҒАРМ
Душанбе, 9 март.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар водии Рашт ягона корхонаи панирпазӣ, ки дар шаҳраки Гарм қарор дошт, бар асари ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-уми асри гузашта фаъолияташ қатъ гардида, то имрӯз бекор ва боиси нигаронии шир истеҳсолкунандагон гардидааст.Бар асари сулҳу суботи имрӯза, ки дар саросари кишвар ба даст омадааст, барқарор кардану тараққӣ додани корхонаҳои саноатӣ ҳам ба манфиати мардуми маҳал ҳасту, ҳам буҷаи кишвар аз он ғанӣ мегардад.Роҳбарияти чор хоҷагии калони чорводори ноҳия, ки шири зиёд истеҳсол карда метавонанд, ба Вазорати кишоварзӣ дархост додаанд, ки корхонаи «Панир»-и шаҳраки Ғарм-и ноҳияи Рашт барқарор карда шавад, зеро бо сабаби нокифоя будани бӯҷаи маҳаллӣ барқарор кардани он барои хоҷагиҳо мушкилотеро пеш овардааст. Боиси зикр аст, ки корхонаи «Панир»- и Ғарм то солҳои 90-уми асри гузашта даҳҳо намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол намуда, даромади зиёде ба даст меовард.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






